• Home »
  • Uncategorized »
  • Дуздии чархҳои автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”
Дуздии чархҳои автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”

Дуздии чархҳои автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми июли соли 2019, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили амборхонааш, ки дар назди бинои истиқоматиаш ҷойгир мебошад, 4-адад чархи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5000 сомониро ташкил медиҳад.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 20-21-сола ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin