Диққат! Ҷинояткори хавфнок дар ҷустуҷӯ қарор дорад!

Диққат! Ҷинояткори хавфнок дар ҷустуҷӯ қарор дорад!

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки шаҳрванд Алиматов Акмал Оибхоҷаевич соли таваллудаш 03. 08. 1988. зодаи шаҳри Душанбе, ки қаблан бо содир намудани ҷиноятҳои зерин:
  – соли 2007 барои содир намудани ҷинояти авбошӣ (моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  – соли 2009 барои содир намудани ҷинояти убури ғайриқонунии сарҳад (моддаҳои 322 қисми-1, 30 қисми-3, 69 қисми-2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия)
  – соли 2010 барои содир намудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва ғоратгарӣ (моддаҳои 237 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон),
  – соли 2013 барои содир намудани ҷинояти такрории авбошӣ (моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар умум 4 маротиба суд шуда, ҳамчун ҷинояткори касбӣ ва хавфнок ба ҳисоб меравад.


  Айни замон номбурда барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнини муқобили саломатии инсон равонагардида гумонбар дониста шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.
  Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи пойтахт аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати ин шаҳрванд ягон иттилое доранд ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 ва ё милитсияи маҳалли зисти худ (02) хабар диҳанд.
  Шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани ин ҷинояткори хавфнок мусоидат мекунанд, мукофотонида мешаванд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin