• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти зани 26-сола бо гумони дуздии ҷавоҳирот
Боздошти зани 26-сола бо гумони дуздии ҷавоҳирот

Боздошти зани 26-сола бо гумони дуздии ҷавоҳирот

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 35-солаи сокини кӯчаи Н.Муҳаммади ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 11-уми июли соли 2019, тахминан соати 21:40-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, ки арзиши умумиашон 20 000 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи сокини кӯчаи Н.Муҳаммад бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуд.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin