Ҳодиса дар ноҳияи Сино

  19 июни соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як нафар духтари ноболиғи 6-сола бо ҷароҳатҳои аз сӯхтор дараҷаи вазнин ба Беморхонаи шаҳрии №3 дастрас ва бистарӣ гашт. 

  Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар ноболиғон бо гумонбарии ин ҳодиса дастгир карда шудааст.
Оид ба ҳодисаи рӯйдода маводҳои санҷишӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуда, санҷиши ҳолати рӯй додани ин ҳодиса идома дорад.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намуд, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin