• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳифзи амнияти кишвар – рисолати бошараф ва қарзи шаҳрвандист!
Ҳифзи амнияти кишвар – рисолати бошараф ва қарзи шаҳрвандист!

Ҳифзи амнияти кишвар – рисолати бошараф ва қарзи шаҳрвандист!

  Мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон фарзандони фарзонаи худро, ки бо илму дониш, далериву ҷасурӣ ва матонату мардонагӣ бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ба миллат хизматҳои шоён кардаанд қадр намуда, номашонро ҳамеша бо некӣ ёд мекунанд.
  Дар ин замина, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ он нафароне, ки ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб ба мақомоти милитсия кӯмаки амалии худро расонида, саривақт ба милитсия ҷиҳати пешгирии ҷиноят хабар медиҳанд, қадрдонӣ карда мешаванд.


  Аз ҷумла, чанде пеш шаҳрванд Расулов Бахтиёр Давлатмуродович, ронандаи ҶДММ «Олуча-авто», ки ҳангоми пешбурди фаъолияти хизматӣ, ба як нафар ҷинояткори махсусан хавфнок, ки нияти содир намудани ҷинояти нооромкунандаи фазои осоиштаҳолии кишварро дошт, бо тақозои фаъолияти корӣ хизматрасонӣ намуда, аз нияти нопоку ғаразноки ӯ хабардор мешавад. Дар ҳамин ҳол номбурда аз худ далериву ҷасурӣ нишон дода, бо ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешгирии эҳтимоли сар задани ҷиноят ва дастгир намудани нафари ҷинояткор ба мақомоти милитсияи пойтахт мусоидат намудааст.


  Вобаста ба ин, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитися Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати қадршносӣ кардани ин амали ҷавонмардонаи Бахтиёр Расулов, ба қароргоҳи ҶДММ «Олуча-авто» ташриф оварда, барои нишон додани ҳисси баланди ватандӯстӣ, далерию ҷасурӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳамчунин пешгирӣ ва саривақт хабар додан оид ба содиршавии ҷинояти махсусан вазнини муқобили амнияти ҷамъиятӣ равонагардида, бо Сипосномаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва як қатор тӯҳфаҳои моливу пулӣ қадрдонӣ намуд.
  Зимни мулоқот ва супоридани тӯҳфаҳо сардори мақомоти милитсияи пойтахт Шариф Назарзода аз ҷавонмардиву иҷрои қарзи шаҳрвандии ин фарзанди матиниродаи миллати тоҷик тавсиф намуда, иброз дошт, ки воқеан маҳз чунин нафарон муаарифгару номбардори миллати тоҷик дар ақсои олам, ба шумор мераванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ба истилоҳ таксӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ дар хизмати шаҳрвандон қарор доранд, дар бештари маврид шоҳиди бевоситаи амалу кирдорҳои номатлуб ва эҳтимоли содир намудани ҷиноят аз ҷониби баъзе аз нафарон мегарданд, ки мебояд саривақт ба мақомоти милитсия хабар дода, дар пешгирии он ва таъмини осоиштаҳолии шаҳрвандон мусоидат намоянд.


  Дар ҷараёни ин мулоқот Шариф Назарзода бори дигар таъкид намуд, ки баҳри таъмини тартибот, оромиву тинҷӣ ва сулҳу суббот дар баробари мақомоти милитсия тамоми шаҳрвандон низ масъулияти ватандориву меҳанпарастӣ эҳсос намуда, мисли Бахтиёр Расулов дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ талош варзанд.
  Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон Ватан ва хонаи умеди тамоми тоҷикони олам ба шумор рафта, ин неъмати бебаҳои сулҳу осоиштагӣ ва Истиқлолияти давлатиро маҳз дар якҷоягӣ метавон ҳифз намуд.


  Дар ин росто Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба итилои кулли шаҳрвандон мерасонад он нафаре, ки бо амалу кирдорҳои худ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, ба кормандони милитсия кӯмаки амалии худро мерасонанд, қадрдонӣ карда мешаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin