• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси маъмурии 3-ҷавон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ
Ҳабси маъмурии 3-ҷавон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Ҳабси маъмурии 3-ҷавон барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

  Волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, новобаста аз вазъият ва шароити баамаломада кормандони милитсия вазифадоранд, то пеши роҳи ҷинояткориро дар ҷомеа бигиранд.
  Аз ҷумла, санаи 28-уми июни соли ҷорӣ 3-нафар ҷавонон дар дохили тарабхонаи Шоми Бухоро, воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бетартибӣ ва байни ҳамдигар муноқишаи лафзӣ намуда, ба осиштагии шаҳрвандон халали ҷиддӣ ворид сохтаанд. Ҷиҳати ором ва пешгирӣ намудан аз оқибатҳои сар задани ҷиноятҳои дигар, нозирони минтақавии милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, ин ҷавонони ба ҳам дарафтодаро барои санҷиши ҳодиса ба мақомоти милитсия дастрас намудаанд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки инҳо шаҳрвандон: Бахтиёр Изатулозода, Сабуров Самирҷон Изатуллоевич ва Раҷабов Зафарҷон Абдузоирович истиқоматкунандагони ноҳияи Рудакӣ ва шаҳри Душанбе мебошанд.
  Чуноне, ки зимни пурсиши номбурдагон маълум гардид ин се нафар ҷавон дар дохили тарабхона аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шарвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
  Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди н. Сино ирсол гардид. Суд дар навбати худ санаи 29-уми июни соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ таъин кард.
Аз ҷумла нисбати:
  Бахтиёри Изатулозода, соли таваллудаш 10. 12. 1991, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз;


  Сабуров Самирҷон Изатуллоевич, соли таваллудаш 25.03.1994, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Сомон, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз;

  Раҷабов Зафарҷон Абдузоирович, соли таваллудаш 24.07.1984, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз.


  Мавриди зикр аст, ки риояи ҳатмии муқаррароти қонунҳои амалкунанда, кафили осоиштагӣ ва оромиву тартиботи комили ҳар як шаҳрванд мебошад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin