• Home »
  • ХАБАР »
  • Қасдан расонидани зарари вазнин бо истифода аз корд
Қасдан расонидани зарари вазнин бо истифода аз корд

Қасдан расонидани зарари вазнин бо истифода аз корд

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавондухтари 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қисмати поёни шикамаш задааст.
  Дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
  Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin