• Home »
  • ХАБАР »
  • Қадрдонии милитсионер барои дарёфт ва баргардонидани 2 нафар кӯдакони гумшуда
Қадрдонии милитсионер барои дарёфт ва баргардонидани 2 нафар кӯдакони гумшуда

Қадрдонии милитсионер барои дарёфт ва баргардонидани 2 нафар кӯдакони гумшуда

  Пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини тартиботу осоиштаҳолӣ, кӯмаки ҳуқуқию маънавӣ расонидан ба ҷабрдидагон ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои поймолгаштаи шаҳрвандон вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитися буда, пайи иҷрои ин масъулияти пуршараф кормандони ин ниҳод фаъолияти шабонарӯзӣ менамоянд. Маҳз фаъолият ва масъулияти кормандони шуҷоъу далер ва пурдонишу бомалакаи мақомоти қудратист, ки волоияти қонун ва тинҷию оромӣ дар кишвар ҳукмфармост, зикр намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитисия Назарзода Шариф Раҳмон, зимни супоридани Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ ба милитсионери БХДПМ дар шаҳри Душанбе.


  Мавриди зикр аст, ки кормандони милитсияи пойтахт аз ҷумла милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии меҳмонону сокинони пойтахт ба тамоми чорабиниҳои давлатию байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сафарбар карда шуда, бо ҳисси баланди масъулият ӯҳдадориҳои хизматии худро иҷро мекунанд. Аз ҷумла ҳангоми баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарону намояндагони 27-кишвари дунё баргузор гардид, ҳангоми пешбурди фаъолияти хизматӣ милитсионери БХДПМ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сержанти калони милитсия Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ дар назди чорроҳаи Маркази савдои Садбарг аз худ малакаи баланди хизматӣ нишон дода, модареро, ки 2 нафар кудаконашро гум карда, аз парешонҳолӣ нолаву фиғон дошт, ором ва 2 нафар кӯдакони гумшударо саривақт дарёфт ва ба волдидонаш баргардонидааст. Чунин амали ҷавонмардонаи корманди милитсия мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрвандон қарор гирифта, дар сомонаҳои интернетӣ таҳсину офарин намудаанд.


  Аз ҷумла, рузноманигор Муҳаммадиқбол Атоев дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст: -«Дар як фурсати начандон зиёд ин марди кордон, кӯдакро худ ором намуда, кӯдакони дигарашро ёфтаву назди модари гирён оварданд. Бо дидани ин ҳолат бори дигар дарк нгамудам, ки ҳар яки мо новобаста аз ӯҳдадориҳои хизматиамон мутеъи арзишҳои инсоният ҳастем. Бовар дорам, ки дар симои ин маъмури милитисия – Қурбон кулли милитисяҳои мо шинохта мешаванд ва милитисия барои миллати мо як намоди раҳму шафқат ва ҳамдаму ҳамкор пазируфта мегардад. Зиҳӣ, милитсия ва зиҳӣ, Қурбон»
  Бояд гуфт, ки аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ чунин амали ӯ аз мадди назар дур намонд. Вобаста ба ин ҷиҳати қадрдонӣ намудани сержанти калони милитсия Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти милитисяи пойтахт бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.


  Зимни баргузории ҷаласаи мазкур Шариф Назарзода иброз дошт, ки мақсад аз амалигардонии ислоҳоти милитисия низ маҳз баланд бардоштани донишу малакаи хизматӣ, хушмуомилагию рафтори намунавӣ бо шаҳрвандон ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ буда, милитсия ин пуштибону ҳомии ҳалқу миллат ва таъминкунандаи суботу оромӣ дар кишвар мебошад.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin