Ғоратгарии маблағ ва телефони мобилӣ

Ғоратгарии маблағ ва телефони мобилӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, 4 июни соли 2019, дар назди бинои №11-и кӯчаи Лоҳутии пойтахт бо ҳамроҳии рафиқаш, ки ба тафтишот номаълум мебошад, бо тариқи зӯроварӣ аз дасти марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, 107-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
  Зарари расонидашуда 1.587-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани гумонбари дигари ин ҷиноят чорабиниҳо идома дошта, ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin