Э Ъ Л О Н !

Э Ъ Л О Н !

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба диққати шаҳрвандон, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё, ки 14 ва 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Аҳмади Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то километри 21-ум назди истироҳатгоҳи «Кохи Малика» манъ карда мешавад.

  Бо ҳамин сабаб ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар санаҳои 14-15-уми июни соли ҷорӣ безарурият аз ташриф ба ҳудуди пойтахт худдорӣ намоянд.
  Ҳамзамон аз сокинони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin