• Home »
  • ХАБАР »
  • Гунаҳкори навори навбатии латукӯби ҷавондухтар беҷазо намондааст!
Гунаҳкори навори навбатии латукӯби ҷавондухтар беҷазо намондааст!

Гунаҳкори навори навбатии латукӯби ҷавондухтар беҷазо намондааст!

  Санаи 26 июни соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори латукӯби як ҷавондухтар аз ҷониби ҷавонписаре паҳн гардида, мавриди интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе санҷиши ҳодиса ба роҳ монда шуда, баъди пурсиши гумонбар, ҷабрдида, шоҳидон ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи болозикргардида нисбати шахси гумонбар санаи 28 июни соли ҷорӣ қарори қонунӣ қабул карда шуд.


  Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки санаи 12 июни соли 2019 тахминан соати 13.30 дақиқа шаҳрванд Маркарян Карлен Артурович бо тахаллуси тоҷикии «Анас», соли таваллудаш 15.04.1994, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, бинои 71/2 ҳангоми дар дохили ҳавлии қаҳвахонаи Сим-сим, воқеъ дар кӯчаи Маяковский, бинои 43 қарор доштанаш бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо таҳдиди истифодабарии зӯроварӣ яку якбора ба пешхизмати қаҳвахонаи мазкур шаҳрванд Холиқова Насиба Азизовна соли таваллудаш 1996 дарафтода, бо бешармии хоса бо мушту лагат ба сару рӯ ва дигар мавзеъҳои ҳаётан муҳими ҷавонзани 23 сола задааст, ки охирон зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ бардоштааст. Ҳолати мазкурро сабти навори камераҳои мушоҳидавии қаҳвахона тасдиқ мекунанд.


  Дар натиҷа кирдорҳои авбошонаи гумонбаршаванда Маркарян Карлен Артурович тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар бандубаст гардида, нисбати номбурда бо моддаи 237 қисми 2, банди «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №6964 аз 28.06.2019 сол оғоз карда шуда, гумонбаршуда Маркарян Карлен Артурович дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтиши ҳодисаи мазкур дар Шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе идома дорад.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin