Вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ беморист !

Вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ беморист !

  Дар аксар маврид маҳз шабгардиву беҳудагардӣ, машғул шудан ба бозиҳои компютерии хусусияти зуроваридошта ва бемасъулиятии волидайн нисбати таълиму тарбияи фарзандонашон сабаби даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ задани ҷавонону ноболиғон мегардад. Аз ин сабаб ҷиҳати ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Хадамоти пешгирии хукуквайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷишҳои пешгирикунанда доир карда истодаанд. Аз ҷумла дар натиҷаи баргузории як амалиёти санҷишию пешгирикунанда дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз марказҳои бозиҳои комютерӣ 30-нафар ноболиғон, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул буданд, ба Шуъбаҳои милитсияи пойтахт оварда шуданд.
  Санҷиши навбатӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт собит кард, ки то ҳанӯз шабгардӣ ва беназоратии наврасону ҷавонон падару модари онҳоро ба ташвиш нагузоштааст. Чунин бепарвоӣ ва беэътиноии баъзе аз волидон аст, ки фарзандони онҳо дар нимашабӣ ба амалу кирдорҳои зиёновар машғул гардида, оқибат ба муноқишаҳои гурӯҳӣ ва дигар шаклҳои ҷиноят даст зада, ҷомеаро ба ташвиш мегузоранд.


  Дар натиҷа бо ноболиғони дастрасгардида, суҳбатҳои тарбиявию профилактикӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати волидайни нобилиғоне, ки зимни ин амалиёт ба Шуъбаи милитсия дастрас гардида буданд, дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуд.
  Мавриди зикр аст, ки истифодаи ҳар гуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зуроваридошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун, ба рӯҳу равони ноболиғон, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд таъсири манфӣ мерасонад.


  Чуноне зимни омӯзиш ва мариди таҳлил қарор додани сабабу омилҳои ба ҷиноят майл пайдо кардани ҷавонону ноболиғон маълум гардид, дар бештари маврид маҳз беҳудагардии шабона ва то ними шаб машғул шудан ба бозиҳои компютерии хусусияти зуроваридошта боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳои лафзӣ дар байни ҷавонон ва оқибат ба авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ анҷомидааст. Аммо баъзе аз падару модарон оқибати нохӯши филмҳо ва бозиҳои зиёноварро ба эътибор нагирифта, чунин бепарвоии онҳост, ки баъзе аз ҷавонону ноболиғон ҷои таҳсил вақти пурқиммати худро сарфи корҳои беҳуда карда, ба ҷинояткорӣ даст мезанад.
  Мавриди зикр аст, ки чанде қабл бо дарназардошти оқибатҳои хатарафзои бозиҳои компютерӣ ва вобастагӣ ба он ахиран аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба рӯйхати байналмилалии омори бемориҳо ва мушкилоти марбут ба саломатӣ ворид карда шуд. Ин бори дигар ҳушдор медиҳад, ки падару модар, мактабу маориф ва тамоми аҳли ҷомеа барои пешгирӣ аз машғулшавии ҷавонону ноболиғон ба чунин амалу кирдорҳои номатлуб камари ҳиммат баста, дастаҷамъона пеши роҳи он гирифта шавад. Зеро маҳз ҷавонони боилму босавод ва хушахлоқу хушрафтор ҳамзамон солиму солимфикр метавонад барои бунёди ҷомеаи мутамаддин дар оянда саҳмгузор бошад.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитися

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin