• Home »
  • ХАБАР »
  • Қаллоби гузаро бо баҳонаҳои гуногун шаҳрвандонро фиреб дода, аз онҳо маблағ ситонидааст
Қаллоби гузаро бо баҳонаҳои гуногун шаҳрвандонро фиреб дода, аз онҳо маблағ ситонидааст

Қаллоби гузаро бо баҳонаҳои гуногун шаҳрвандонро фиреб дода, аз онҳо маблағ ситонидааст

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, моҳи декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини кӯчаи Ховарони пойтахт даромада, барои аз маҳбас озод намудани бародари хусураш, марди 44-сола, аз ӯ 2500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Номбурда моҳи майи соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт даромада, аз ӯ 50 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Ҳамин тариқ, номбурда моҳи сентябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини кӯчаи Шоҳтемур даромада, аз ӯ барои кам кардани мӯҳлати ҷазои шавҳараш 31000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Бо ҳамин роҳ номбурда моҳи апрели соли 2019 ба боварии марди 35-солаи сокини кӯчаи Фирдавсӣ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри-5”-ро ба маблағи 210 000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, аз ин маблағ 45000-сомониашро дода, боқимонда 165000-сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin