• Home »
  • ХАБАР »
  • Шарҳи ҳодисаи сухтори газ дар кучаи Айнӣ ш.Душанбе
Шарҳи ҳодисаи сухтори газ дар кучаи Айнӣ ш.Душанбе

Шарҳи ҳодисаи сухтори газ дар кучаи Айнӣ ш.Душанбе

  Ҳангоми амали намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ аз тарафи кормандони босалоҳияти ВКД, КДАМ, Прокуратураи Генералӣ оиди сар задани сӯхтори газ санаи 18-уми майи соли ҷорӣ дар чоҳи амуди қубурҳои зеризамини буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши ш.Душанбе, ки пеш расман иттилоъ дода будем, сабабу омилҳои ба вуқуъ пайвастани он муайян карда шуд. 

  Дар натиҷаи тафтишоти пешаки муайян карда шуд, ки санаи 18.05.2019 сол шаҳрванд Тиллоев Умед Ҳабибуллоевич соли таваллудаш 01.01.1981, зодаи ноҳияи Ёвон, директори ҶДММ «Васл-саноат», ки вазифааш аз таъмир ва тоза кардани иншоотҳои истеҳсоли хатарноки кимиёвӣ иборат аст, дар асоси қарордоди шифоҳӣ бо маъмурияти меҳмонхонаи «Хилтон» барои тоза кардани зарфи гази моъеи ғунҷоишаш 25.000 литраро, ки дар анборхонаи меҳмонхонаи «Хилтон» ҷойгир аст, бо ҳамроҳии 3 нафар кормандонаш:
1. Бобоназров Раҷабалӣ Тағоевич соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамотаи деҳоти Даҳана, деҳаи Ҷавонӣ;
2. Қурбоналиев Абдуллобек Нуриддинович соли таваллудаш 1984 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамотаи деҳоти Даҳана, деҳаи Ҷавонӣ;
3. Самадов Рустамҷон Содиқҷонович соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд, шаҳраки Чоруқ-дарён
сафарбар мешавад. 
  Сипас, шаҳрванд Тиллоев баҳри анҷоми корҳои болозиркградида, ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз ваколатҳои хизматиаш ба зердастонаш супориш медиҳад, ки ҷумаки зарфи гази моеъро кушода, гази боқимондаро ба қубури партовҳо равон намоянд. Дар натиҷа ин супориши Тиллоев аз ҷониби зердастонаш амалӣ карда шуда гази моъе ба воситаи ҷуйборҳои зери замини ҷори шуда паҳн мегардад. 
  Бояд қайд намуд, ки дар ин ҳолат кормандони ҶДММ «Васл-саноат» ҳангоми муносибат бо моддаҳои кимиёвӣ қоидаҳои бехатариро вайрон намуда ин амали анҷомдодаи онҳо боиси олудагии газ бо обу оксиген ва сар задани сухтор гашта, дар натиҷа 6 нафар шаҳрвандони роҳгузар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмони бардошта, ба Беморхонаи клиники шаҳрии №3 дастрас гардиданд.
  Оиди ҳолати мазкур 18. 05.2019 аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати директори ҶДММ «Васл-саноат» Тиллоев У.Ҳ. ва 3 нафар кормандонаш Бобоназров Р.Т., Самадов Р.С. ва Қурбоналиев А.Н. бинобар ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ ба хунукназарӣ роҳ додан ва вайрон намудани қоидаҳои бехатари ҳангоми кор, ки боиси ҷабр дидани шаҳрвандон гардидааст, бо аломатҳои моддаҳои 223 қисми 2 банди «а», 314 қисми 1 ва 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, шахсони гунаҳкор боздошт шуда тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin