• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ ва мардумфиребӣ
Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ ва мардумфиребӣ

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ ва мардумфиребӣ

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2013 дар хиёбони Рӯдакӣ зани 65-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 100 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, моҳи марти соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини маҳаллаи Ховарон даромада, аз ӯ барои тиҷорат 20 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 
  Номбурда, моҳи октябри соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои тиҷорат 980 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Аз рӯи ҳолатҳои қаллобии мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin