Нозири минтақавӣ-симои милитсия

Нозири минтақавӣ-симои милитсия

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷроиши Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Қарору протоколҳои ВКД, ҳамзамон таҳлилу баррасии вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳи дар байни ҷавонону ноболиғон, бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар масъалаҳои зарурӣ таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, бо иштироки сардорони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои пойтахт, ҳайати шахсии ҷузъу томҳо ва нозирони минтақавӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва коргузорӣ қарор гирифтанд.


  Дар машварати оперативӣ-хизматӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамотҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии милитсияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд, ки дар асоси масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа фаъолияти нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар давраи 4 моҳу 20 рӯзи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.
  Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар доираи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҳар як корманди милитсия талаб карда мешавад, ки ҷиҳати таъмини амният ва оромии сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ тамоми саъю талоши худро равона намуда, тадбирҳои мушаххас андешанд. Маҳз бо саъю талош ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти милитсия осоиштаҳолии шаҳрвандон таъмин буда, дар ин раванд боз ҳам ҳушёриву зиракӣ, масъулияти баланди касбию хизматӣ ва эҳсоси меҳанпарастиро аз даст надода, дар пойдории ин ганҷи ноёб беш аз пеш фаъолияти дучанд намоем.


  Сипас дар идомаи ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳо ва ӯҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қарору протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ, инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.
  Аз ҷумла, сардори мақомоти милитсияи пойтахт зимни баррасӣ ва таҳлили фаъолияти нозирони минтақавии милитсия аз натиҷаи фаъолияти ин ниҳод изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф таъкид бар он дошт, ки нозирони минтақавиро мебояд ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон пайваста дар омӯзиш бошанд. Маҳз он нозири минтақавие метавонад тартиботи ҷамъиятиро дар минтақаи хизматиаш таъмин намояд, ки дар баробари донишу малакаи баланди хизматӣ доштан, ҳамзамон ҳамкории густардаеро бо аҳолӣ ба роҳ монад – таъкид намуд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода.


  Дар машварати оперативӣ-хизматии мазкур, ҳар як сардори Шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баромад намуда, аз фаъолият ва натиҷаҳои хизматии худ, ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҳисобот доданд.
  Чуноне дар машварати оперативӣ-хизматии мазкур иброз гардид, масъулияти нозири минтақавӣ танҳо ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ маҳдуд набуда, ба баррасии саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва хабар додан аз натиҷаи баррасии он, тозаву озода нигоҳ доштани минтақаи хизматӣ, бартараф намудани ҳолатҳои вайроннамоии муҳити экологӣ, пайваста бо мардум дар ҳамкории зич қарор доштан, дар тарғиби арзишҳо ва анъанаву суннатҳои миллӣ саҳмгузор будан ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ равона карда шудааст.


  Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидан аз ҳар як корманди милитсия, махсусан нозирони минтақавӣ, ки симои милитсия маҳсуб меёбанд, тақозо карда шуд, то дар иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монад.

Маркази матбуоти раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin