• Home »
  • Баромадҳо »
  • Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Пайравони Пешвои миллатем!»
Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Пайравони Пешвои миллатем!»

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Пайравони Пешвои миллатем!»

  Рӯзи 25-уми май бо ташаббуси сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар раёсати мазкур конференсияи илмию амалӣ оид ба омӯзиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти шиори мо «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ин раёсат полковники милитсия Сафаралӣ Тағойзода, муовинони сардорони шуъбаҳои ВКД, сарнозирони минтақаҳои хизматии маъмурӣ ва нозирони минтақавии пойтахт иштирок намуданд.

  Нахуст, муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Ҳ.Дадабойзода дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва бунёди ҷомеаи навин» маърӯза намуда, афзуд, ки талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, зеро бе доштани давлати миллӣ ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. 
  Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми давлатдориро пеш гирифт, ки кишвар дар ҳолати нобасомонӣ қарор дошт. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ мақсади асосӣ наҷот додани давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ буд. Хушбахтона, бо шарофати иродаи ин марди набард хатарҳои бар болои миллати тоҷик омада бартараф гашта, ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Талошҳои Роҳбари давлат боис гардид, ки мардум аз вартаи нобасомониҳо наҷот ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шарафёб гардид.
– Имрӯзҳо бо сарбаландӣ ва ифтихормандӣ метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст, – афзуд маърӯзакунанда.

  Дар идомаи конференсия муовини сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ подполковники милитсия Ёрмуҳаммад Ботуров дар мавзӯи «Президент – кафили сулҳ» маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фазои сулҳу субот аз байн рафт, хисороти дар ин муддат бамиёномада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт, хатари аз байн рафтани миллат ва қисм-қисм шудани он низ эҳсос мегардид. Хушбахтона, бо василаи нури маърифти азалӣ охирин умед дар дили халқи азияткашидаи тоҷик зинда монд. 
  Имзо ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи мо раванди ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба мисли Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, демократикунонӣ ва гуногунандеширо тақвият бахшид ва сулҳи тоҷиконро пойдор кард. Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазорро ба Ватан баргардонид.

  Дар идомаи конференсия муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ подполковники милитсия Ҷӯмахон Машрабзода ва сардори минтақаи хизматии маъмурии №12 Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ капитани милитсия Рустам Абдуллоев дар мавзӯҳои «Хизматҳои арзандаи Пешвои миллат баҳри ободии ин сарзамин» ва «Саҳми Пешвои миллат дар барқарории сулҳу суботи кишвар» маърӯза карданд. 
  Дар фарҷоми конференсия иброз гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист давлати миллии тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ваҳдати миллиро барқарор кард ва имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin