• Home »
  • ХАБАР »
  • Барномаи консертии оркестри «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии мардумии Чин барои ҷавонони пойтахт
Барномаи консертии оркестри «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии мардумии Чин барои ҷавонони пойтахт

Барномаи консертии оркестри «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии мардумии Чин барои ҷавонони пойтахт

  Дар доираи сафари кории ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ва намояндагони оркестри «Сипари тилоӣ»-и Департаменти мазкур, дар баробари тамошо ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангиву фароғатии пойтахти кишвар ҳамзамон ин гурӯҳи оркестрӣ як қатор барномаҳои фарҳангиро манзури тамошобинон, махсусан сокионони пойтахт гардониданд.

  Аз ҷумла, дар доираи ин сафар санаи 11 май дар Амфитеатри боғи ба номи А. Фирдавсӣ консерти калони оркестри нафасии «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти унвони «Даъвати роҳ» баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ зиёда аз 1500 нафар ҷавонону донишҷуён ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

  Барномаи консертӣ бо садо додани сурудуҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардида, дар рафти он якчанд мусиқиҳои сурудҳои тоҷикӣ аз ҷониби навозандагони оркестри «Сипари тиллоӣ» бо ҳунари баланди бадеӣ навохта шуда, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.

  Суруду таронаҳои тараннумгари дустӣ, хизмат ба Ватан, садоқат ба миллат, арҷгузорӣ ба таърих аз мавзуъҳои меҳварии барономаи коенсертӣ ба ҳисоб мерафтанд.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin