Ташкили фоҳишахона дар хонаи иҷора

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи рустабори сокини кӯчаи С.Шерозӣ ва зани 35-солаи рустабори сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуданд. 

  Номбурдагон, хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозиро ба фоҳишахона табдил дода, рӯзи 9-уми апрели соли 2019 ба марди 25-сола ва зани 42-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin