Тасарруфи маснуотҳои заргарӣ аз гаравхона

Тасарруфи маснуотҳои заргарӣ аз гаравхона

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда дар асоси шартномаи меҳнатӣ аз соли 2013 ҳамчун менеджери қарзӣ дар ҶДММ “Пешсаф”, воқеъ дар назди бозори “Корвон”, то моҳи июни соли 2018 кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз гаравхонаи (ломбард) ҷамъияти мазкур маснуотҳои заргарии гаравмондашудаи шаҳрвандонро дар ҳаҷми 82 ҳазору 643-сомонӣ, ки дар ихтиёраш қарор дошт, тасарруф намудааст. 
  Нисбати номурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin