• Home »
  • ХАБАР »
  • Содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

Содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 46-солаи сокини С.Шерозии пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми декабри соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи Мушфиқӣ қарор доштанаш марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи 10000-доллари амрикоиро ҳамчун қарз гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

  Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ аризаи марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти корҳои дохилӣ ворид гардид, ки моҳи июни соли 2017 дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт ду бародар: мардони 36 ва 34-солаи сокинони шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи 31 ҳазору 900-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
  Ҳамин тариқ ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2018 марди 43-солаи сокини ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла” ба маблағи 150 000-сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Ниссан” ба маблағи 75 000-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 225 000-сомониро ба насия нархгузорӣ намуда, ваъдаи фурӯхтан карда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin