Ошкор шудани тақаллубкориҳо

Ошкор шудани тақаллубкориҳо

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардид, ки моҳи декабри соли 2018, “Азиз” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Киа-Оптима”-ро ба маблағи 106 000-сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қалобӣ дастгир карда шуд. 
  Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 38-солаи сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми ноябри соли 2018 “Гулҷаҳон” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 20 000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 58-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin