Ошкорёбии 6-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Ошкорёбии 6-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3871 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 15 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 4 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 114 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 74 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 24 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 12 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 72адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр –76 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 79 адад;
-Вазъияти хавфнок – 12 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 376 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 725 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1505 адад;
  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гироифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Ҳамроев Амонулло Азизхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 6666 АВ 08

Холов Амир Раҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 4830 СС 03

Маҳмадалиев Шарафҷон Ҳусейнович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 1118 ВК 03

Злназаров Улуғбек Улмасҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш К2415т

Дурдиев Достон Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай-Старекс, рақами қайди давлатиаш 3707 ВХ 01

Мирзоев Бахтиёр Маҳмадқулович – ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайди давлатиаш 9006 ОD 01

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin