• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ошкорёбии якчанд ҳолати вайрон намудани қоидаҳои насби воситаҳои махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда
Ошкорёбии якчанд ҳолати вайрон намудани қоидаҳои насби воситаҳои махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда

Ошкорёбии якчанд ҳолати вайрон намудани қоидаҳои насби воситаҳои махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда

  Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад.

  Аз ҷумла, дар доираи иҷроиши Нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истодан ва таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти шахсӣ, инчунин насб намудани ҳар гуна ашёҳои равшанидиҳанда, ки боиси дар шаб халал расонидан ба ҳаракати бехатари дигар воситаҳои нақлиёт мегардад, рейду амалиётҳои пешгирикунанда гузаронида мешавад.

 

  Зимни гузаронидани чунин як амалиёт дар ҳудуди пойтахт якчанд ҳолати вайрон намудани қоидаҳои насби воситаҳои иловагии махсус дар воситаҳои нақлиёти шахсии шаҳрвандон ошкор карда шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

Инҳо;

Раҳматуллозода Афзалшо Фурқат, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Камри, рақами қайди давлатиаш 1994 SS 01

Раҳмиддини Ҷамолиддин ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, рақамҳои қайди давлатиаш 0032 ВН 01

Раҳимов Қурбонхуҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақавми қайди давлатиаш 2220 DD 01

 

Моддаи 316. Риоя накардани қоидахои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт

Барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқ надоранд,-

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin