Ошкорёбии якчанд далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани оинаи воситаҳои нақлиёт

Ошкорёбии якчанд далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани оинаи воситаҳои нақлиёт

  Мувофиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо оинаи сиёҳкардашуда, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист. Вале мутаассифона баъзе аз ронандагону соҳибмулкони воситаҳои нақлиёте ҳастанд, ки талаботи ҳатмии муқаррароти қонунҳои амалкунандаро риоя накарда, ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.
  Кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии ин ва дигар намуди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ пайваста дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиётҳои профидактикӣ доир мекунанд.
  Ин навбат, дар натиҷаи баргузории як амалиёт якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани оинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуда, нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Аз ҷумла;

Насимов Ёқубҷон Маҳмадноримович, ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, аломати қайди давлатиаш 2929 СС 01;

 

Давлатзода Ҳасан Искандарпур, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайди давлатиаш 0007 НТ 01;

Аминов Уктам Алиевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайди давлатиаш 4300 ВН 01;

Тураев Мирзохуҷа Каримович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, аломати қайди давлатиаш 0100 МО 01;

Сафаров Амирҷон Суҳробович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайта-Кемри, аломати қайди давлатиаш С0738К 01;

Шарифов Саймурод Саймуҳиддинович, ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай-Саната, аломати қайди давлатиаш С2314К 01;

Моддаи 330. Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои оинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост
1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои оинагӣ,-
ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ,-
ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост,-
ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. «қҷт 09.01.2010 №577»

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin