• Home »
  • ХАБАР »
  • Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти милитсия оид ба ҳодисаҳои дуздӣ
Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти милитсия оид ба ҳодисаҳои дуздӣ

Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти милитсия оид ба ҳодисаҳои дуздӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 42-солаи сокини кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми апрели соли 2019 зани 24-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4000-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилӣ, ҷамъ ба маблағи 4350-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

  Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе арз намудааст, ки рӯзи 21-уми ноябри соли 2018 марди 32-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи ба иҷора гирифтааш 1-адад телевизор, 1-адад ДВД ва рӯйпӯши ҷойи хоб, ҷамъ ба маблағи 9650-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin