• Home »
  • Баромадҳо »
  • Милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввал ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид
Милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввал ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид

Милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввал ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти семоҳаи авали соли 2019 таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид. Дар машварати оперативӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Раёсат ва Шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.


  Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва ӯҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва қарору протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, натиҷа ва рафти чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи амалиёти профилактикиии «Одоби шаҳрнишинӣ», инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.
  Бояд тазаккур дод, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти оперативӣ-хизматии худро ҷиҳати таъмини иҷроиши боэътимоди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботу фармонҳои роҳбарияти ВКД ба роҳ монда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе нақши калидӣ дорад.


  Зимни баргузории ҷаласа қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва шумораи зиёди ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуда, ба таври фаврӣ ошкор карда шудаанд. Метавон гуфт, ки бо ошкору дастгир шудани нафарони ҷинояткор, хавфи онҳо бартараф карда шуда, амнияту бехатарии сокинони шаҳри Душанбе таъмин карда шуданд.
  Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ милитсияи пойтахт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, фоизи ошкорёбии ҷиноятҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд гардидааст.
  Аз ҷумла чуноне қайд гардид, давоми се моҳи соли сипаригардида дар ҳудуди пойтахт 1133 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 59 ҷиноят кам гардидааст.


  Мавриди зикр аст, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва хонанадагони муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсияи пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб аз ҷониби роҳбарияти милитисияи пойтахт чораҳои дахлдор андешида шудааст, ки сатҳи ҷинояткорӣ миёни ин қишри ояндасози ҷомеа низ ба маротиб коҳиш ёфтааст. Чуноне зимни баргузории машварати оперативии мазкур зикр гардид, давоми се моҳи соли сипаригардида аз ҷониби ноболиғон 42-ҷиноят ба кайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,2 % кам ё худ 61 адад кам мебошад, ки ин бевосита аз дуруст ба роҳ мондани амалиётҳои профилактикӣ ва суҳбату вохуриҳои судманд ба даст омадааст.


  Милитсияи пойтахт, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, ҳамзамон дар доираи «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву маданияти шаҳрнишинӣ инчунин ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе тамоми чораҳои заруриро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар натиҷаи баргузории амалиёти маърифативу профилактикии «Одоби шаҳринишинӣ», ки дар доираи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №42 аз 29.01.2019 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» роҳандозӣ карда шудааст, як қатор амалу кирдорҳои халалдоркунандаи симои пойтахт ошкору бартараф карда шудаанд.
  Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур ҳар як сардори Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар давоми се моҳаи сипаригардидаи соли 2019 ҳисобот доданд.
  Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур баҳри боз ҳам дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ӯҳдадориҳои хизматӣ, пешгирӣ аз ҳамагуна амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ҳамзамон ободу зебо нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба сардорони ҷузъу томҳо аз ҷониби сардори Раёсат як қатор дастуру супоришҳо дода шуда, қарорҳои мушаххас ва Нақша-чорабиниҳо барои семоҳаи дуюм қабул карда шуданд.


  Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки рафтору муносибат, одоби муошират ва муомилаи кормандони милитсия бо аҳолӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, бояд кормандони милитсияи пойтахт бо хушмуомилагиву тарзи пушидани лобоси низомӣ намунаи ибрат бошанд.
  Дар анҷоми машварати оперативӣ-хизматӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар таъкид намуд, ки таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон ба дӯши кормандони милитсия вогузор гардида, аз ҳар як корманд баҳри иҷрои ин рисолати бузург, масъулият ва фаъолияти шабонарӯзӣ талаб карда мешавад, то сулҳу суббот, тинҷию оромӣ ва амнияти шаҳрвандону сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ таъмин карда шавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin