Корношоям гардидани чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Корношоям гардидани чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

  Санаи 12-уми апрели соли ҷорӣ тахминан соати 17:50 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи Волсваген-Голф, рақами қайди давлатиаш 1212 КО 01 Каримов Фаррух Набиевич соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷавонон, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шерозӣ ба самти кӯчаи Турсунзода, дар чорроҳаи Рӯдакӣ – Шоҳтемур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чароғаки раҳнамо ва сутуни камераи мушоҳидавии канори роҳ бархурдааст.

  Дар натиҷаи воситаи нақлиёти мазкур, чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ шикаста, корношоям гардидаанд.
 Оид ба ин ҳодиса маводҳои лозима тартиб дода шуда, ҷиҳати маълум намудани сабабу омилҳои он таҳқиқ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin