• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо тариқи қаллобӣ гирифтани ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ
Бо тариқи қаллобӣ гирифтани ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ

Бо тариқи қаллобӣ гирифтани ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини кӯчаи Дарвози шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.

  Номбурда моҳи октябри соли 2018 бо роҳӣ фиреб ба боварии зани 21-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ба маблағи 35137 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ гирифта, ваъда додааст, ки фурӯхта маблағашро медиҳад. Аммо 21985-доллари амрикоиро дода, боқимонда 13152-долларро барнагардонидааст.
  Ҳамин тариқ, зани номбурда моҳи октябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 38-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт даромада, аз ӯ ба маблағи 67665-доллари амрикоӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ гирифта, ваъда додааст, ки фурӯхта маблағашро медиҳад. Аммо 27908-доллари амрикоиро дода, боқимонда 39575-долларро то ҳол барнагардонидааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin