• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо роҳи қаллобӣ гирифтани маблағ ва ҷавоҳироти тиллоӣ
Бо роҳи қаллобӣ гирифтани маблағ ва ҷавоҳироти тиллоӣ

Бо роҳи қаллобӣ гирифтани маблағ ва ҷавоҳироти тиллоӣ

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 

  Номбурда, рӯзи 17-уми августи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур даромада, аз ӯ 40000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Ҳамчунин оид ба ҳолати қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 57-солаи сокини пойтахт ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2016 зани 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000-доллари амрикоӣ ва 12-грамм ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin