Баррасии фаврӣ: 3 ронанда баъди ирсоли расми қоидавайронкунӣ ҷаримабандӣ карда шуданд

Баррасии фаврӣ: 3 ронанда баъди ирсоли расми қоидавайронкунӣ ҷаримабандӣ карда шуданд

  Санаи 4-уми апрели соли ҷорӣ яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли 3 адад расми қоидавайронкунии ронандагон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти дар акс инъикосгардида, барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ронандагони воситаҳои нақлиёти дар аксҳо инъикос гардида ошкору муайян карда шуда, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оварда шуданд.
  Дар натиҷа баъд аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда, муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат роҳ дода, ба самти муқобили роҳ ҳаракат намудаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст. Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои омории Бозрасии давлатии автомобилӣ чунин қоидавайронкунӣ дар бештари маврид ба сар задани ҳодисаҳои нохӯш ва садамаҳои маргбор боис мегардад.
  Дар натиҷа нисбати ронандагони зерин бо моддаи 325 қисми 4 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои маъмурӣ андешида шуд.

Давлатов Далер Зайнуддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақамаи қайди давлатияш 1214 НР 01

Бобоев Умед Сулаймонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатияш 8001 ВР 01

Ҳасанов Ҷонибек Шоимбекович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Олимпиа», рақами қайди давлатияш 0009 СМ 01

  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin