• Home »
  • ХАБАР »
  • Авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд
Авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд

Авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 8-уми апрели соли 2019, тахминан соати 19:10-дақиқа, дар кӯчаи Айнӣ “Комил” ном шахс аз ҳиссиёти авбошӣ бо писари 21-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба қисмати поёни шикамаш як маротиба задааст. 

  Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини пойтахт бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin