• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷаримабандии боз як нафар ҷавони дағалгуфтор – ин навбат донишҷӯ
Ҷаримабандии боз як нафар ҷавони дағалгуфтор – ин навбат донишҷӯ

Ҷаримабандии боз як нафар ҷавони дағалгуфтор – ин навбат донишҷӯ

  Тавассути шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли расм як нафар ҷавонзани 33-солаи сокини пойтахт аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки мақомоти милитсияи пойтахт нисбати як нафар ҷавони тахминан 23-25-сола, ки санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ ҳангоми убури роҳ дар маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ӯ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
  Баррасӣ ва санҷиши муроҷиати мазкур таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор дода шуда, баҳри муайян ва боздошт намудани ҷавони бадахлоқ чораҳои фаврии дахлдор андешида шуд.
  Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян кара шуд, ки ҷавони дар расм инъикосгардида шаҳрванд Маҳмадҷонов Ҳумайнӣ Муътиллоевич, соли таваллудаш 1994, зодаи ноҳияи А.Ҷомӣ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор соҳиби 1-фарзанд, донишҷӯи бахши 6-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад.
  Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудан, зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ бо ҳамроҳии ҳамкурсонаш дар кӯчаи Н.Қарабоев ҳангоми убури роҳ нисбати ҷавонзане, ки роҳро убур мекард таҳқиру дашномҳои қабеҳ дода, шаъну шарафи ӯро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст, ки ин ҳангоми мурофиаи судӣ ва пурсиши шоҳидон тасдиқи худро ёфтанд.
  Вобаста ба ҳолати зикршуда, нисбати ҳуқувайронкунанда Маҳмадҷонов Ҳумайнӣ бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 4-уми марти соли ҷорӣ бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Маҳмадҷонов Ҳумайнӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 385 сомонӣ таъин карда шудааст.
  Дар робита ба ҳолати мазкур, милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан, ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin