Ғоратгарии телефони мобилӣ

Ғоратгарии телефони мобилӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт марди 31-солаи сокини кӯчаи Н.Ганҷавии шаҳри Душанбе, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 17-уми декабри соли 2018, ҳангоми дар кӯчаи Зарафшони пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси А-8”, ки арзишаш 2400-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ҷавонони 24-солаи сокинони шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд. 
  Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin