Ошкор гардидани ҳолатҳои қоидавайронкунӣ дар ҳолати мастӣ

Ошкор гардидани ҳолатҳои қоидавайронкунӣ дар ҳолати мастӣ

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ду ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 7656 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 10 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 31 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 12 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 393 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 250 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 48 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 3 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат – 102адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр –121 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 88 адад;
-Вазъияти хавфнок – 42 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 315 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 1557 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 70 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо –4619 адад.
  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд ҳам, вале мутаассифона ҳанӯз ҳастанд бархе нафарон, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд.
  Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 10 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Аз ҷумла, Сафарбек Сайфуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-эсперо, рақами қайди давлатиаш 2118 ЕМ 01,

Ниров Муҳиддин Урозалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Тойота-Лендкрузер, рақами қайди давлатиаш 9797 ВХ 01,

Худойқулов Баҳром Абдуваҳобович – ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус, рақами қайди давлатиаш 0028 ВН 01,

Каримов Ҳасан Давронович – ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-сиелло, рақами қайди давлатиаш 4085 ЕМ 01,

Холов Дилшод Абдусаломович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 661ZА 01,

Зокиров Баҳодур Олимович – ронандаи автомашинаи тамғаи Jac-S3, рақами қайди давлатиаш 5924 ТТ 05,

Мамаҷонов Зоирҷон Зокирҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 4444 КК 01,

Идиев Бозор Шерхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тойота королла, рақами қайди давлатиаш 680 ZB 01,

Раҷабов Алишер Аҳтамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз 21104, рақами қайди давлатиаш 2110 BD 01.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin