Ошкор гардидани ду далели қаллобӣ

Ошкор гардидани ду далели қаллобӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, марди 49-солаи сокини пойтахт бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2018, марди 51-солаи сокини кӯчаи А.Навоии шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад тангаи тиллоии қадима, ки арзишаш 50.000-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Ҳамчунин, ба мақомоти милитсия марди 38-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи июни соли 2017, марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 270.000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin