• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи “БМВ Х-3”
Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи “БМВ Х-3”

Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи “БМВ Х-3”

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 
  Номбурда, моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ноҳияи Балҷувон даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “БМВ Х-3”-ро ба маблағи 22 000 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

  Оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 65-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2017, марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойи кораш ҶДММ “Сапеда-12”, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш аз ӯ 405 000-рубли Федератсияи Россия, 40 000-сомонӣ ва 19 800-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin