Боздошти се нафар бо гумони тақаллубкорӣ

Боздошти се нафар бо гумони тақаллубкорӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, зани 49–солаи сокини шаҳри Душанбе, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2011, марди 39-солаи сокини кӯчаи Айнии ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7000-доллари амрикоиро гирифта ваъда медиҳад, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе замини назди ҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағро барнагардонидааст. 

  Ба мақомоти милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2007, зани 57-солаи сокини кӯчаи Каленини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4000-доллари амрикоиро гирифта, ваъда медиҳад, ки дар кӯчаи Хоҷамбиёи шаҳри Душанбе қитъаи заминро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, вале то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 52-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 8-уми январи 2018, марди 51-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес Бенс”-ро ба маблағи 55,000-сомонӣ нархгузорӣ карда, автомашинаи мазкурро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Айни замон нафарони қаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin