• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории мусобиқаҳои наврӯзӣ дар майдончаҳои навбунёди пойтахт

Баргузории мусобиқаҳои наврӯзӣ дар майдончаҳои навбунёди пойтахт

  Аз 22-юм то 26-уми марти соли равон, дар партави амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масъалаи оммавӣ гардонидани варзиш, таҳкими дӯстӣ, сулҳу оромӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷониби масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар майдончаҳои варзишие, ки аз ҷониби Вазорат бунёд гардидаанд, дар маҳаллаҳои (микрорайонҳои) 33, 46, Испечак ва кӯчаи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд, волейбол, баскетбол, гандбол, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот бо иштироки доираи васеи наврасону ҷавонон гузаронида шуданд. Мусобиқаҳои мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №25203 (267) аз 15-уми марти соли 2019 дар самти тарғибу ташвиқи варзиш, ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ тавассути баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, инчунин ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз, таҳти шиори «Баҳри пешрафту ободии Ватани азиз омода бошем!» роҳандозӣ карда шуданд.


  Бояд гуфт, ки чорабиниҳои идона оид ба намудҳои зикршудаи варзиш дар маҳаллаҳои номбурдаи ҳудуди пойтахт дар алоҳидагӣ ташкил карда шуда, ғолибони онҳо дар даври ниҳоӣ барои дарёфти ҷоизаи асосии мусобиқа – Ҷом бо ҳам рақобат намуданд. Барои иштирок дар мусобиқаҳо наврасону ҷавонони сокинони маҳаллаҳои наздик, инчунин варзишгарони навраси мактабҳои варзишӣ ҷалб гардида, бозиҳои ҷолиби онҳо мухлисони зиёдеро ҷамъ оварда тавонист.
  Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва гандбол аз 4 то 10 дастаи наврасон дар ду марҳила ташкил карда шуда, иштирокчиён байни ҳам рақобат намуданд. Дар навъҳои тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмотбозӣ теъдоди иштирокчиён нисбатан зиёдтар буда, дар баробари писарон духтарчаҳои наврас низ фаъол буданд.
  Аз натиҷаи бозиҳо дар ҳар навъи варзиш аъзои ҳакамон ғолибони мусобиқа – ҳам даставӣ ва ҳам шахсиро муайян намуданд.


  Дар марҳилаи аввал, ба варзишгароне, ки дар майдончаҳои варзишии маҳаллаҳои 33, 46 ва Испечак миёни ҳамсолони худ ғалаба ба даст оварданд, мукофотҳо супорида шуда, онҳо барои иштирок дар даври дуюми мусобиқа роҳхат гирифтанд. Марҳилаи дуюм дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Синои пойтахт боз ҳам бошукӯҳтар баргузор гардида, ҳамакнун ғолибони ниҳоӣ дар ин ҷо муайян карда шуданд. Дар ин рақобатҳо наврасону ҷавонони маҳаллаҳои гуногуни пойтахт: 32, 33, 34, 46, 63, 102, 104, Испечак, Қазоқон, Гулистон ва ғайра ширкат варзиданд.
  Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи футболи хурд дастаҳои «Меҳнат» ҷойи якум, «Динамо» мақоми дуюм ва «Зуҳур» мавқеи сеюмро ишғол намуданд. Бозингари беҳтарини мусобиқаи футболи хурд Муҳаммад Мисанов аз дастаи «Меҳнат», нишонзани беҳтарин Бузургмеҳр Сангов аз тими «Динамо» ва ҳимоятгари беҳтарин Абубакр Ризоев аз дастаи «Зуҳур» дониста шуданд.


  Дар мусобиқаи баскетбол дастаҳои маҳаллаҳои 33 ва 32 мутаносибан ҷойҳои якуму дуюм ва тими «Сино-1» мавқеи сеюмро ба даст оварданд.
  Мусобиқаи гандбол (тӯби дастӣ) низ ғолибони худро ёфт: инҳо дастаи «Қазоқон» ҷойи якум, тимҳои «Испечак-1» ва «Испечак-2» мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб гаштанд.
  Дар варзиши тенниси рӯи миз мақоми аввалро Умар Шарипов, мақоми дуюмро Саид Аҳтамов ва ҷойи сеюмро Бузургмеҳр Сангов соҳиб гардиданд.
  Дар шашкабозӣ Шоҳрух Табаров ҷойи аввал, Парвиз Абдуллоев зинаи дуюм ва Билол Ғаффоров ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.
  Дар шоҳмотбозӣ бошад, Ҷабраил Мерганзода ҷойи аввал, Абдуғаффор Ғаффоров мақоми дуюм ва Саидумар Ваҳҳобов ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.


  Хурсандию нишоти наврасони ғолибро ҳадду канор набуд, дар дили онҳо шӯълаи умеди ғолиб омадан ва имкони бори дигар санҷидани маҳорати варзиши интихобкардаашон пайдо гардида буд.
  Дар маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони навъҳои гуногуни варзиш, ки дар ноҳияи Сино доир гардид, масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе, Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино ва шумораи зиёди ҳаводорону ихлосмандони соҳаи варзиш иштирок намуданд. Тавре дар ин чорабинӣ сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам иброз намуд, «наврасону ҷавонон ояндаи миллати тоҷик ва давлати миллии мо буда, баҳри ободию пешрафти диёри аҷдодӣ ҳамеша саҳмгузор мебошанд, муҳофизони ояндаи марзу буми ин Ватани озоду ободанд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ – баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, тақвияти дӯстию рафоқат байни наврасону ҷавонон, такмили маҳорати варзишии онҳо, пешгирии кирдорҳои номатлуб, хусусан муноқишаҳои байни мактаббачагон дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад».


  Номбурда дар идомаи суханронии худ аз саъю кӯшиши Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар самти гузаронидани ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, ки пеш аз ҳама, ба дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинону бошандагони маҳаллаҳои гуногуни пойтахт мусоидат менамоянд, ёдовар шуда, зикр кард, ки «беҳудагардию фориғболӣ ва дурӣ ҷустан аз дарсу донишомӯзӣ оқибати хуб надошта, маҳз тавассути таҳсилу илмомӯзӣ, варзиш ва умуман, меҳнати поквиҷдонона шахс метавонад ба мартабаҳои баланд ноил гардида, дар ҷомеа мавқеи шоистаи худро пайдо намояд».


  Созмондиҳандагони чорабиниҳои мазкур дар фазои тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаҳои наврӯзӣ Ҷом, медалу Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Мукофотҳоро сардори Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ва дигар шахсони расмӣ супориданд.

Х. СОЛЕҲОВ,
У. ОЛИМ
С. ШУКУРОВ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin