• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баргузории дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» дар Академияи ВКД ҶТ
Баргузории дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» дар Академияи ВКД ҶТ

Баргузории дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» дар Академияи ВКД ҶТ

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат-ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар Паёми навбатии худ низ ба сохторҳои дахлдор як қатор дастуру супоришҳо додаанд.
  Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷроиши ин дастуру супоришҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва пос доштани он бо тартиби нақша-чорабиниҳо корҳои назаррасе ба анҷом мерасонанд. Аз ҷумла тибқи нақша-чорабинии тасдиқнамудаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, дар Академияи ВКД ҶТ дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» ташкил карда шудааст, ки роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ба шунавандагону курсантон ва донишҷӯёни фаъоли дигар донишгоҳҳои кишвар суҳбату мулоқоти судманд доир менамоянд.


  Дар доираи ин иқдом санаи 28-уми феврали соли ҷорӣ Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба бинои Академияи ВКД ҶТ ташриф оварда, ба курсантону шунавандагон ва ҷавонону донишҷуёни фаъоли донишгоҳҳои кишвар дарси мардонагиву ҷасорат баргузор намуд.
  Тавре дар ин мулоқот сардори мақомоти милитсияи пойтахт иброз дошт, бо ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат сол то сол ҷиҳати таҳсили илм ба ҷавонону наврасон шароитҳои хуб таъмин гардидаистодааст, ки ин бе шубҳа аз сулҳу субот ва Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки он бо заҳматҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.


  Назарзода Шариф Раҳмон зимни гузаронидани дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат», ба ҷавонон иброз дошт:- «Тинҷию амонии Ватан-тинҷию амонии Модар аст. Он нафаре, ки ба Ватан хиёнат мекунад, ӯ ба модараш хиёнат кардааст, зеро Модар дар ҳамин сарзамин умр ба сар мебарад.»
  Воқеан ба қадру қиммати неъмати бебаҳои тинҷию амонии кишвар мебояд расид ва ҷиҳати пойдории он аз ҳар як нафар нангу номус ва ҳисси баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ талаб карда мешавад. Маҳз тинҷию амонист, ки имрӯз мардуми тоҷик дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ба шаҳри гулҳо табдил ёфтааст, ки хонаи умеди ҳазорон тоҷики бурунмарзист.


  Дар ҷараёни дарс номбурда аз ҳаёту фаъолият ва таҷрибаи зимни фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ андӯхтаи худ, ба курсантону шунавандагони Академия ва дигар ҷавонони ширкатдошта қисса намуда, онҳоро ба хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ даъват намуд. Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки дар айёми ҷавонӣ бештар ба омӯзишу таҳсил машғул шуда, вақти пурқиммати худро сарфи амалу кирдорҳои беҳуда накунанд ва дар тарбияи ҳуқуқии ҳамсолони худ низ кӯмакрасон бошанд.
  Дар қисмати дигари дарси омӯзишии «Мактаби шуҷоат» байни сардори мақомоти милитсияи пойтахт ва курсантону шунавандагони Академия ва дигар ҷавонони ширкатдошта, суолу ҷавоб сурат гирифт, ки иштирокчиёни ин мулоқот ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

  Ҳамзамон дар қисмати охир ҷавононе, ки ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ба кормандони милитсия кумак мерасонанд, бо Ифтихорномаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сардори раёсат қадрдонӣ карда шуданд.

Шукуров Сироҷиддин, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin