Мулоқот бо ҷавонони пойтахт дар партави  Паёми Пешвои миллат

Мулоқот бо ҷавонони пойтахт дар партави Паёми Пешвои миллат

  Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои ба Паёми навбатии хеш баённамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба самъи сокинони пойтахт расонидани ҳадафҳои асосии Паём дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев мулоқот ва суҳбати озод баргузор гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, роҳбарону намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, сайёҳӣ, роҳбарони ҷавони муассисаҳои фарҳангию маишӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли пойтахт ширкат намуданд.


  Дар мулоқот нахуст муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон шаҳри Душанбе то рафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоиштаро фароҳам овардааст. 

  Дар идомаи мулоқоти мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон оид ба ҳадафҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ санаи 26 декабри соли 2018 зикр намуда буданд, ҷиҳати баланд бардоштани савияи ҳуқуқии сокинони пойтахт, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бо нишон додани слайд-тасвирҳо ва зикри факту рақамҳо суханронӣ намуд.

  Номбурда зимини баррасии нуктаҳои Паём бо овардани иқтибост аз суханронии Пешвои миллат иброз дошт, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

  Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки дастовардҳои мазкур дар натиҷаи сиёсати созандаву бунёдкорона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда рӯз то рӯз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
  Зеро давоми соли 2019 давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалинро ҷиҳати расидан ба ҳадафи аввалини стратегии кишвар – Истиқлолияти энергетикӣ гузошта, дар баробари раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуд.
  Тавре зикр карда шуд ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди стратегӣ, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки амалишавӣ ва татбиқи босамари иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ҳарчи бештар ба кишвари мо ҷалб гардида, аз таъриху фарҳанг ва маданияту маърифати мардуми бо ору номуси тоҷик бархурдор шаванд. Дар ин замина пеш аз ҳама саҳму иқтидори ҷавонони фаъол, варзишгарон, роҳбарону масъулини марказҳои хизматрасонии маишию фароғатӣ ва раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хеле баланд мебошад. Зеро ҳар як сайёҳ ва меҳмони хориҷие, ки ба кишвари мо ворид мегардад, аз хизматрасониҳои марказҳои савдо ва тиҷорат, хуроки умум, нақлиёт ва марказҳои дилхӯшӣ истифода бурда, аз тарзи рафтору муносибат, муошират ва чигунагии маданияти кормандони марказҳои хизматрасонии маишию фароғатӣ ба фарҳангу маданияти як миллати бузург баҳо медиҳанд.

  Дар идомаи вохурӣ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт доир ба иҷроиши Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ҳарф зада, фаъолияти гуруҳҳои кории амалиёти маърифативу профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ”-ро дар пешгирӣ ва мубориза зидди ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, кирдорҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ва ҷавонон назаррас арзёбӣ намуд.
  Зеро гуфта мешавад, ки маҳз натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикӣ дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишнӣ” буд, ки дар миқёси пойтахт ҳам шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва шумораи ҷинояткорӣ давоми соли 2018 кам гардидааст.


  Вобаста ба ин, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои авбошӣ, махсусан авбошиҳои гуруҳӣ бо истифода аз силоҳи сард, ҳаракатҳои майдаавбошона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои ҷинсии сироятшаванда ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон суханронӣ карда шуда, бо овардани факту далелҳо аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ расму наворҳои пешгирикунанда намоиш дода шуд.
  Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки баргузории чунин вохуриву суҳбатҳои озод, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муоширати сокинон, махсусан ҷавонон пойтахт, пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гуруҳӣ миёни ҷавонон, махсусан ҷавонони варзишгар бо истифода аз силоҳҳои сард мусоидат намуда, метавон дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан ҷавонони фаъоли пойтахт бо баргузории чорабиниҳои профилактикӣ пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта шавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin