• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳисоботи сардорони минтақаҳои маъмурии милитсия №16 ва №29
Ҳисоботи сардорони минтақаҳои маъмурии милитсия №16 ва №29

Ҳисоботи сардорони минтақаҳои маъмурии милитсия №16 ва №29

  Рӯзи 5-уми феврал дар толори муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯсти шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии таҳлилӣ оид ба фаъолияти нозирони минтақавии минтақаи хизматии маъмурии №16 ва 29-и Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид. Дар он сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Сафаралӣ Тағойзода, сардори Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ полковники милитсия Ҳасан Раҷабзода, муовини раиси ноҳияи мазкур Назокат Муҳаммадзода, раисони маҳалла, эмомхатибон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолону сокинони ин минтақаҳои хизматӣ иштирок намуданд.

  Дар оғоз полковники милитсия Ҳасан Раҷабзода ба сухан баромада, зикр намуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1291 аз 30.06.2012 сол “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ”, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, донистани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар робита будани кормандони милитсия бо аҳолӣ мо тасмим гирифтем, ки ҳисоботи нозирони минтақаҳои хизмати маъмурии №16 ва 29-ро миёни аҳли ҷамоатчигӣ баргузор намоем. 
  Сардори минтақаи маъмурии милитсияи №16 майори милитсия Умарқул Тағоев зимни баромад зикр намуд, ки нозирони минтақавии милитсия намояндаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд, ки тибқи фармонҳои ВКД бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон бурда, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар минтақаҳои хизматии ба онҳо вобасташуда таъмин менамоянд.

  Дар соли сипаригардида бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи хизматӣ як адад бинои наву замонавии Беморхонаи касалиҳои пуст сохта ба истифода дода шуд, ки айни замон ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ба ғайр аз ин, ду майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ аз тарфи ноболиғон мусоидат менамояд.
  Ҳамин тариқ, дар муддати соли 2018 аз тарафи нозирони минтақавӣ 61 ариза қабул ва ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар 28 ҳолат ҷиноятҳои гуногун ба монанди дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ ва куштор ошкор гардидааст. Оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад, нисбати 101 волидайн барои хунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ ҶТ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст. 
  Дар идомаи ҷаласаи мазкур сардори минтақаи маъмурии милитсияи №29 майори милитсия Абдуҳалим Мирзохонов низ, аз фаъолияти солонаи нозирони минтақавии худ ҳисобот дод. Номбурда иброз дошт, ки нозирони минтақавии милитсия баҳри амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаи зич бо аҳолӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.


  Дар ин самт, мо тасмим гирифтем, ки ҳамкории нозирони минтақавии минтақаи маъмурии милитсияи №29 бо аҳолиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар маҳаллаҳои «Машъал», «Ором» ва «Шодиёна» ба таври ҳамешагӣ мулоқотҳо доир карда шуда, дар онҳо оид ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, риояи қонунҳои амалкунанда ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ таъкидҳо карда мешаванд.
  Мавсуф дар идомаи суханронии худ иброз намуд, ки нозирони минтақавии минтақаи маъмурии милитсияи №29 дар соли 2018 28 аризаи шаҳрвандонро мавриди санҷишу баррасӣ қарор додаанд. Дар ин давра аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи ин минтақа 19 ҳолати ҷиноятӣ ошкор карда шудааст, ки аз ин 1 ҳолат ба ҷиноятҳои солҳои пешин рухдода мансуб мебошад.

  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи бисёр муҳим – зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кӯдакону наврасон дар оила ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша менамоянд. Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баҳри пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд қабул гардидааст. Дар ҳамин асно, бояд гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҳайати шахсии минтақаи хизматӣ 344 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аз ин 42 протокол ба моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Масъулияти падару модар) дахл дорад. 
  Дар хотимаи суханронии худ, Абдуҳалим Мирзохонов илова намуд, ки корҳои тарбиявӣ дар ҷомеа ҳанӯз ҳам ислоҳро талаб менамояд ва мову шуморо мебояд, ки нисбати тақдири ояндаи насли наврас бепарвоӣ зоҳир накарда, ҳамеша баҳри ба воя расонидани насли баркамол ва аз ҷиҳати маънавию ҷисмонӣ обутобёфта камари ҳиммат бандем.


  Дар идомаи вохӯрии мазкур сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи амалинамоии амалиёти профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ», ҷиҳати иҷроиши Қароhи махсуси раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби милитсияи пойтахт як қатор чораҳои дахлдор гузаронида мешавад. Дар ин замина нозирони минтақавии милитсияро мебояд дар минтақаи хизматӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгириии амалу кирдорҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии аҳолӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд. 


  Дар хотима аз тарафи сардори Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ полковники милитсия Ҳасан Раҷабзода ба як қатор раисону фаъолони маҳаллаҳо барои ҳамкории мутақобилан судманд дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёти осоиштаи мардум, суботу оромии кишвару шаҳрвандон, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.

Раҷаббек Илёсов,
Сироҷиддин Шукуров,
Тоҷиддин Латипов

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin