Тақвиятёбии ҳамкории милитсия бо аҳолӣ

Тақвиятёбии ҳамкории милитсия бо аҳолӣ

  Дар доираи иҷроиши нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории суҳбату мулоқот бо аҳолӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон ҷиҳати иҷроиши Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ва дар доираи ислоҳоти милитсия ба роҳ мондани ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ силсилавохуриҳои кормандони милитсия бо аҳолӣ баргузор кардашудаистодааст.
  Аз ҷумла, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии таҳлилӣ оид ба фаъолияти нозирони минтақавии минтақаи хизмати маъмурии №13-и Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид. Дар он муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Тағойзода Сафаралӣ, мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Зуҳро Қузибоева, директори ин муассиса Моҳпора Хайриддинова, раисони маҳаллаҳо ва фаъолону сокинони минтақаи хизматии мазкур иштирок намуданд.


  Нахуст муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳ.П. суханронӣ намуда, нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллатро, ки бевосита баҳри беҳтарсозии сатҳи зиндагонӣ ва нукӯаҳволии шаҳрвандон нигаронида шудааст, шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда иброз дошт, ки имрӯз бо дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, нозирони минтақавии милитсия бо шароитҳои хуби хизматӣ таъмин карда шудаанд, ки ин бе восита ба беҳтаргардидани фаъолияти оперативӣ-хизматии нозирони минтақавӣ дар минтақаи хизматӣ оварда расонидааст.
  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур Дадабойзода Ҳ.П. таъкид намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҳар як нафар корманди милитсия бахусус нозирони минтақавии милитсияи пойтахт масъулияти баланди касбиро талаб менамояд. Зеро сол то сол шумораи сайёҳон ва гардишгарони хориҷӣ ба кишвари мо зиёд гардида, муносибат ва фаъолияти баланди оперативӣ-хизматӣ аз нозирони минтақавии милитсия талаб карда мешавад. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки нозирони минтақавии милитсияро мебояд пайваста паи омӯзиш ва такмили донишу малакаи хизматӣ бошанд.

  Аз ҷумла дар ин ҷаласа зикр гардид, ки пойтахт, ки муаррифгари давлату миллат ба шумор меравад, аз сокинонаш талаб карда мешавад, то ба амалу кирдорҳои номатлуб аз қабили дар ҷойҳои номуайяншуда партофтани партов, овезон намудани либос дар пештоқи хона ба истилоҳ (балкон) роҳ надода, дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳалли зисти худ дар пешрафту шукуфоии пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе саҳм гузошта, бо як масъулияти баланди шаҳрдорӣ зиндагонӣ намоянд.


  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур сардори минтақаи хизматии маъмурии №13-и Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, майори милитсия Музаффар Насриддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматии минтақаи мазкур маърӯза намуда, аз ҷумла афзуд, ки «мо, нозирони минтақавии милитсия баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва оромии ҷомеа тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем».
  Мавсуф доир ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ маълумоти мушаххас дода, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти хизматии нозирони минтақавии минтақаи мазкур оид ба вазъи криминогенӣ иброз дошт, ки дар давоми соли 2018, дар ин минтақаи хизматӣ дар умум 96 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии онҳо дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ саривақт таъмин карда шудааст.
  Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад, ки ба раванди таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон эътибори хосса дода шавад.
  Вобаста ба ин ҷиҳати иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр карда шуд, ки дар давоми соли 2018 тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби нозирони минтақавии минтақаи хизматии мазкур нисбати 84 нафар волидайн барои хунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст.


  Чуноне дар ҷараёни мулоқоти мазкур муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳ. П. иброз дошт, мақсад аз баргузории чунин суҳбату мулоқот ва ҳисоботи нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ ин пеш аз ҳама амалӣ намудани Стратегияи ислоҳоти милитсия ҳамзамон бо ин роҳ наздик намудани кормандони милитсия бо аҳолӣ ва ҳакории дастаҷамъона баҳри ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ мебошад. Воқеан бо баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳои судманд метавон сатҳи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеаро дар ҳамкории мутақобилаи милитсия бо аҳолӣ гирифт.
  Мавриди зикр аст, ки дар доираи амалигардонии Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, ки мақсади асосии он ҳамкории мутақобилаи мардум бо милитсия дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад, чунин вохӯриҳо сурат мегиранд.


  Дар ҷаласа ба хотири беҳтар гардидани фаъолияти нозирони минтақавӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин робитаи наздики шаҳрвандон бо милитсия аз тарафи сокинон таклифу пешниҳодҳои судманд сурат гирифт.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур ба сокинон ва раисони маҳаллаҳои фаъол барои хизматҳои софдилона ва содиқона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, пайгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Сироҷиддин Шукуров
Тоҷиддин Латипов

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin