Тақаллубкорӣ ба хотири даромади муфт

Тақаллубкорӣ ба хотири даромади муфт

  Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, марди 56-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомиро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

  Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, дар давоми солҳои 2014-2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ барои фурӯш ба маблағи 168 ҳазору 770-сомонӣ маҳсулоти ордро гирифта фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
  Айни замон нафари қаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin