• Home »
  • ХАБАР »
  • Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театрӣ
Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театрӣ

Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театрӣ

  Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, огоҳ намудан аз ҳуввияти миллӣ ва таъриху фарҳанги давлатдории миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасон баён гардида буд, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои профилактикӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намуда истодааст.
  Илова бар ин, дар ин замина бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №42 аз 29.01.2019 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» санаи 6 феврали соли ҷорӣ чорабинии навбатии маърифатӣ-фарҳангӣ дар толори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ташкил ва гузаронида шуд.


  Мавриди зикр аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳову фарҳангҳо нақши санъати театрӣ ба воситаи пешниҳоди саҳнаҳои ҷолибу беҳтарин ва баландмазмун, ки бозгӯи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту тараққиёти замони муосир аст, дар тарбияи маънавию ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир дорад. Ин аст, ки мақомоти корҳои дохилии пойтахт баҳри рушди ҳаёти маънавии ҷомеа дар шароити муосир, баланд бардоштани маърифатнокии наврасон, тарбияи ин насли ояндасоз дар рӯҳия ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, огоҳ намудани ин қишри ҷомеа аз равандҳои манфии замони муосир ва ҳадафҳои нопоки равияҳои ифротгаро иқдом пеш гирифтааст то хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо ба тамошои намоишномаҳои театрӣ ҷалб намояд.
  Дар доираи ин иқдом зиёда аз 250 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои И. Сомонӣ ва Синои пойтахт ба тамошои намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Гумроҳон» сафарбар карда шуданд.


  Мавриди зикр аст, ки намоишномаи мазкур ба қалами ҳунарпешаи тоҷик Далер Мирхонов тааллуқ дошта, аз ҳаёти як модаре қисса мекунад, ки фарзандонаш гумроҳ шудаву ба фикру андешаҳои хушунатовари гурӯҳҳои манфиатхоҳ дода шуда, оқибат ба ҳалокат расидаанд.
Воқеан тамошои чунин намоишномаҳои театрикунонидашуда, ки бозгӯи вазъият ва ошкоркунандаи манфиатҳои ниҳонии баъзе аз гурӯҳҳои фитнаангез аст, баҳри тарбияи хештаншиносии ҷавонону ноболиғон нақши калон мебозад.


  Бояд тазаккур дод, ки таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарвариву бузургдошти арзишҳои миллӣ ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта, давлату ҳукумат мекӯшад то ҷавонону наврасони кишвар бо илму дониш ва маърифати баланди худ муаррифгари давлату миллат бошанд.
  Дар ин замина, милитсияи пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон ва маърифату одоби шаҳрдории ин қишри ояндасози ҷомеа дар доираи амалиёти маърифативу профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin