Ошкорёбии 7 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Ошкорёбии 7 ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳамин тавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3281 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. 
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 7 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 15 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 2 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 115 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 70 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 14 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 18 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 49 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 745 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 50 адад;
-Вазъияти хавфнок – 3 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 311 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 662 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1879 адад;
  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Ҳабибов Ҷасур Хуршедович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел –Астра», рақами қайди давлатиаш 6168 СА 01 

Рашидов Саидаҳмад Маҷидович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси», рақами қайди давлатиаш 7838 ЕА 01

Иноятов Шаҳобиддин Иноятуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Саната», рақами қайди давлатиаш 4538 ТТ 05

Шокаримов Меҳроджиддин Абдураҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-Приора», рақами қайди давлатиаш 6066 СР 01

 

Нурализода Давлат – ронандаи автомашинаи тамғаи «В – Пассат», рақами қайди давлатиаш 4664 СК 01

Назаров Субҳоналӣ Давлаталиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хона», рақами қайди давлатиаш 1035 ЕС 01

Мирзозода Дустмуроди Тағоймурод – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 7501 НА 02

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

 
Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin