• Home »
  • ХАБАР »
  • Дуздӣ бо роҳи шикастани тирезаи автомашина
Дуздӣ бо роҳи шикастани тирезаи автомашина

Дуздӣ бо роҳи шикастани тирезаи автомашина

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 42-солаи сокини кӯчаи Назаршоеви ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми январи соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, шикаста аз дохилаш 250-сомонӣ ва ҳуҷатҳои автомашинаи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Зарари расонидашуда 3000-сомониро ташкил медиҳад.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin