• Home »
  • ХАБАР »
  • Дастгир гардидани ғоратгари телефонҳои мобилӣ
Дастгир гардидани ғоратгари телефонҳои мобилӣ

Дастгир гардидани ғоратгари телефонҳои мобилӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 23-солаи сокини кӯчаи Яккачинори пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 12-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Яккачинор қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг С-6”, ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаҳои 130 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир намуданд.
  Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда рӯзи 3-юми феврали соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Борбади пойтахт қарор доштанаш бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 27-солаи сокини кӯчаи Борбад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-6”, ки арзишаш 2200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Ҳамин тариқ, номбурда санаи 29-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Абай қарор доштанаш бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 23-солаи сокини кӯчаи Гипроземи шаҳри Душнабе телефони мобилии тамғаи “Редми-6”, ки арзишаш 200-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Ҳамчунин, номбурда санаи 27-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт қарор доштанаш бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-3”, ки арзишаш 1000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin