• Home »
  • ХАБАР »
  • Боварӣ ба милитсия: Ҳеч як муроҷиати шаҳрванд бе баррасӣ нахоҳад монд
Боварӣ ба милитсия: Ҳеч як муроҷиати шаҳрванд бе баррасӣ нахоҳад монд

Боварӣ ба милитсия: Ҳеч як муроҷиати шаҳрванд бе баррасӣ нахоҳад монд

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб фаъолияти ҳамаҷонибаи худро ба роҳ монда, пайваста талош меварзанд то дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе тартиботи комил ва амнияти ҷамъиятӣ халалдор нагардида, сокинону меҳмонони пойтахт бо шукргузорӣ аз фазои ороми кишвар осуда зиндагӣ кунанд. Дар навбати худ сокинону меҳмонони пойтахт низ бо ҳомиёни ҳуқуқ ҳамкории зичро ба роҳ монда, оид ба ҳодисаву рӯйдодҳои нохӯш, амалу кирдорҳои номатлуб, содиршавии ҷиноятҳои гуногун ва дигар мушкилоти худ ба ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои худ ба милитсия пайваста муроҷиат мекунанд.
  Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт ҷиҳати қабулу санҷиши ҳамаҷонибаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, шахсан худи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар рӯзҳои қабули худ шикоятҳои шаҳрвандонро мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор медиҳанд.
  Гузашта аз ин, дар Қисми навбатдории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кормандони милитсия тариқи «Телефони боварӣ – 221-15-00» ва «Алоқаи мобилии 02» арзу шикоятҳои шаҳрвандонро тариқи шабонарузӣ қабул ва ҷиҳати санҷишу баррасии он тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.
  Мавриди зикр аст, ки дар Қисми навбатдорӣ 6 дастгоҳи телефонӣ ба рақами кӯтоҳшудаи 02 пайваст буда, корманди масъул ахборот ва шикояту муроҷиатҳои шаҳрвандонро қабул ва ба таври фаврӣ ҷиҳати баррасии он гуруҳҳои фаврӣ-тафтишотӣ вазифадор карда мешаванд.
  Ба рақами кӯтоҳшудаи ёрирасони милитсия – 02, шаҳрвандон метавонанд ройгон бо телефонҳои мобилии худ тариқи ширкати «Мегафон» бо рақами 0202 ва аз тариқи дигар ширкатҳои мобилӣ бо рақами 102 дар тамос шуда, арзу шикояти худро расонанд.
  Аз руйи таҳлилҳо бармеояд, ки имрӯзҳо шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ аз содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, аз қабили авбошиву дуздӣ, ғоратгариву садамаҳои нохӯши нақлиётӣ, сухтору муноқишаҳои оилавӣ ва дигар ҳодисаҳои нохӯш хабар дода, ҷиҳати ба таври фаврӣ ошкор ва пешгирӣ намудани он ба мақомоти милитсия кӯмак мерасонанд.


  Дар ҳолати ворид гардидани хабар оид ба содир гардидани ҷиноят, гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ созмон дода шуда, дарҳол ба ҷои ҳодиса равон мегарданд. Маҳз саривақт ба милитсия хабар додан ва бетаъхир ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия дар бештари маврид боиси пешгирии ҳодисаҳои нохӯш ва ҷиноятҳои вазнин гардидааст.
  Боиси зикри хос аст, ки дар баробари телефони 02 ҳамзамон телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» фаъоланд, ки шаҳрвандон арзу шикоят ва аз содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб ба милитсяи хабар мерасонанд. Ҳар хабару иттилоъи воридшуда мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қорор гирифта, дар ҳолати вуҷуд доштани аломатҳои ҷиноят ҷиҳати ошкору муайян намудани нафарони содирнамуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда мешавад.
  Вобаста ба ин, бори дигар аз кулли шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, то нисбати ҳодисаву воқеаҳои ба вуҷуд омада ё амалу кирдорҳои номатлуб бетараф набуда, ҷиҳати пешгириву таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони милитсия дар ҳамкории зич бошанд, зеро танҳо дар ҳамбастагӣ метавон пеши роҳи ҳама гуна кирдорҳои ношоистаро дар ҷомеа гирифт.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin