Баррасии фаъолияти нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ

Баррасии фаъолияти нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ

  Бо мақсади ҳамкории бештари мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сокинон пайваста суҳбату вохӯриҳо доир мегардад. Чунин як вохӯрии судманд рӯзи 18-уми феврал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ба номи А.Мироненкои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба ҷаласаи ҷамъбастии таҳлилӣ оид ба фаъолияти нозирони минтақавии минтақаи хизматии маъмурии №22-и Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино доир гардид. 
  Дар он муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Сафаралӣ Тағойзода, муовини сардор оид ба хизмати Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино подполковники милитсия Алохӯҷа Шоҳиён, директори ин муассисаи таълимӣ Ашӯрбӣ Каримова, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолону сокинони ин минтақаи хизматӣ иштирок намуданд.

  Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори ШВКД подполковники милитсия Алохӯҷа Шоҳиён оғоз намуда, зикр кард, ки вохӯрии имрӯза дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи РВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1291 аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия барои таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва васеъ кардани ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» гузаронида мешавад.
  Сардори минтақаи хизматии маъмурии №22 майори милитсия Илҳомиддин Идиев оид ба фаъолияти нозирони минтақавии ин минтақа маълумот дода, иброз дошт, ки принсипҳои фаъолияти нозирони минтақавии милитсия – алоқаи доимӣ доштан бо аҳолӣ, риояи қонуният, ошкорбаёнӣ дар кор, садоқат ва вафодор будан ба қарзи хизматӣ, адолату инсондӯстӣ ва баробарии ҳама дар назди қонун мебошад.
  Дар минтақаи хизматии маъмурии №22 ҳамагӣ 9 нозири минтақавӣ ба 40238 нафар аҳолӣ дар 157 бинои баландошёна хизмат мерасонанд ва ҳамкориро бо ташкилоту корхона ва идораҳои давлатӣ низ дуруст ба роҳ мондаанд.
  Илҳомиддин Идиев дар идома иброз намуд, ки дар ин минтақаи хизматӣ дар соли 2018 аз тарафи нозирони минтақавӣ 58 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 4-тои он бо моддаи 244 нокушода мондааст ва корҳои тафтишотӣ идома доранд.
  Дар ин муддат, аз тарафи нозирони минтақавии милитсия 1011 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аз ин шумора 108-тоаш бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

  Дар идомаи вохӯрӣ, муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ ба сухан баромада, афзуд, ки имрӯз падару модаронро зарур аст, ки ҳамкориро ба мактаб зиёд намуда, ба чӣ кор машғул шудани фарзандонро назорат намоянд, чунки агар кӯдак аз мактаб тарбияи дуруст гирад, дар ҷомеа номбардори волидони хеш мегардад.
  Ҳамчунин, мавсуф дар баромадаш доир ба қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, санадҳои меъёрии ҳуқуқи инсон, риояи одоби шаҳрнишинӣ, тозагии назди биноҳои истиқоматӣ, сарфакории нерӯи барқ, зӯроварӣ дар оила, муноқишаҳои оилавӣ баромад намуда, зикр кард, ки сокинони маҳаллаҳо метавонанд вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида фикру пешниҳодҳои худро ба нозирони минтақавӣ расонанд.
– Бояд қайд намуд, ки дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дар ҷомеа сатҳи ҷинояткорӣ кам мегардад. Аз ин рӯ, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи қонуният тамоми кӯшишҳои худро равона сохта, саҳми худро дар ободии Ватани азизамон гузорем, – афзуд баромадкунанда.

  Дар хотимаи вохӯрӣ директори МТМУ №37 Ашӯрбӣ Каримова барои баргузор намудани чунин як вохӯрии пурмуҳтаво, ки ба нафъи ҷомеа мебошад, андешаҳояшро баён намуда, зикр кард, ки мо, омӯзгорон аз ҳамкории милитсия бо мактаб хеле хушҳол ҳастем. Мо низ дар навбати худ баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояту ҷинояткорӣ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем.
  Аз тарафи роҳбарияти Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино ба як қатор шаҳрвандон барои саҳамгузориашон дар корҳои ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin